Аввалин бор дар Тоҷикистон таҳти сарпарастии шаҳрдории Душанбе бо иштироки дастаҳои беҳтарини 20 кишвари Осиё Чемпионати 6-уми Осиё оид ба таэквон-до (ITF- Федератсияи байнамилалии таэквон-до) баргузор гардид. Дастовардҳои назарраси варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ дар ин намуди варзиш боис гардид, ки макони сабқати навбатӣ Душанбе интихоб гардад.


Дар маросими кушодашавии чемпионат раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, Президенти Федератсияи байнамилалии таэквон-до, узви Кумитаи байналмилалии Олимпӣ, профессор Чанг Унг ва Раиси федератсияи таэквон-до-и Осиё ҷаноби Ким Кёнг Ху, раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ва ғайраҳо ширкат ва суханронӣ карданд.


Зимни сухаронӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Чанг Унг ва варзишгарони хориҷиро барои ташриф ба Тоҷикистон ва иштирок дар чемпионати мазкур самимона шодбош гуфта, изҳори умед ва боварӣ кард, ки ин чемпионат барои дар ояндаи наздик боз ҳам баланд бардоштани сатҳи мусобиқаҳои варзишӣ дар кишвар нақши муассир мегузорад.

«Бо ташаббус ва ҳидоятҳои Роҳбари давлат барои ташаккулёбии соҳаи варзиш ва тавассути оммавияти он тақвиятбахшии пешбурди тарзи ҳаёти солим ва беҳдошти сиҳатии омма дар кишвар, беш аз ҳамеша равнақ ёфтани бунёди иншооти варзишии сатҳи мухталифу ҷавобгӯи меъёрҳои байналмилаӣ тарҳрезии чунин мусобиқоти ҷаҳонӣ мувофиқ ба мақсад мебошад», – гуфт раиси пойтахт.

Ҳамчунин, Чанг Унг аз пазироии тоҷикон изҳори сипосмандӣ намуда, бо ташаккур аз даъват ва ташкили чемпионати мазкур зикр сохт, ки дастпарварони Федератсияи миллии таэквон-до ва кикбоксинги Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз дар ҷаҳон яке аз муваффақтарин варзишгарон маҳсуб меёбанд ва дастгириҳои давлатӣ дар рушди соҳаи варзиш дар Тоҷикистон шостаи таҳсин мебошад.

Ҳамзамон бо дарназардошти пешниҳодоти ироанамудаи Раиси шаҳр афзуд, ки тамоми тадбирҳоро минбаъд низ барои рушди соҳаи варзиш ва баргузории чорабиниҳои гуногуни сатҳи байналмилалӣ дар Душанбе хоҳад андешид.

Президенти Президенти Федератсияи байнамилалии таэкван – до чунин иброз намуд: «Тоҷикистон дар самти ин намуди варзиш ягон камбудӣ надорад. Ин аст, ки варзишгарони тоҷикон дар аксари чемпионатҳои ин навъи варзиш ғолиб меомаданд»,-гуфт ӯ.

Дар ин мусобиқа аз 20 кишвар 300 нафар варзишгар иштирок карданд, ки аз ин 60 нафар варзишгарони тоҷик буданд ва Тоҷикистон 32 медали тиллоро ба даст овард. Яъне, Тоҷикистон аз байни наврасони аз 35 то вазни 45 ҷой якум ва дар вазни аз 70 то 75 ҷойи дуюмро гирифт.

Ҳамчунин, тибқи иттилои сармурабии ҳайати варзишгарони тоҷик Фурқат Урунов, байни наврасон ҷойи якум насиби Тоҷикистон, ҷойи дуюм Қазоқистон ва сеюм Карея гашт.

Байни наврасон Тоҷикистон тақрибан 25-26 медали тилло ба даст оварданд.

Иштирокчии чемпионати мазкур Валиҷон Акбаров, ки аввалин маротиба дар чунин мусобиқаи калон иштирок мекунад, дар сӯҳбат ба хабарнигори kloop.tj гуфт, ки ҳарчанд барояш мушкил буд, вале ғолибиятро ба даст овардааст.

Ҳамчунин, Фурқат Урунов гуфт: «Ғолибон бо медал, диплому ҷомҳои чемпионат қадрдонӣ шуданд. Барои варзишгарони тоҷик бояд сипендия як сола дода мешавад . Дар ин чемпионат иштирокчиёни дигар аз ҷониби ташкилотҳои сарпараст ҳар гуна мукофотҳои пуливу хотиравӣ қадрдонӣ шуданд».

Бояд гуфт, мусобиқаи қаҳрамонии Осиё дар риштаи таэквондо ITF 27-уми апрел, дар Душанбе, дар Маҷмааи варзишии Кумитаи андози Тоҷикистон, шурӯъ шуда, се рӯз идома кард.

Соли гузашта чемпионати мазкур дар Корея баргузор шуда буд, ки тими Тоҷикистон ҷойи сеюмро ишғол кард. Моҳи августи соли 2012 чемпионати ҷаҳон байни вазнҳои калон дар шаҳри Толинги Эстония баргузор мегардад.

ITF таэкван – до аз соли 1992 дар Тоҷикистон ташкил ёфтааст ва имсол 20 солагии онро ҷашн гирифтанд. Асосгузори Таэкван – до Генерал Чой Хон Би аз Корея мебошад.

Муаллифи матн: Шарофиддин Ғиёсзода
Аксҳо аз: Азим Муҳиддинҷонов
Муҳаррир: Саида Қурбонова

Поделиться в соц. сетях

0